Дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти ислоҳоти маъмурӣ аллакай таҷриба ва қоидаҳои дастрас кардани хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ ташаккул ёфтаанд, ки муаммоҳои муомилоти ҳамаи миҷозҳоро, аз ҷумла, муҳоҷиронро, бо органҳои ҳокимият ва худидоракунии маҳаллии хизматрасонро кам карда метавонанд.
Акнун метавон хадамоти давлатӣ ва мунитсипалиро бо роҳҳои гуногун дастрас кард, бо хароҷотҳои камтари пул ва вақт, дар асоси қоидаҳои фаҳмо ва шаффоф ва бо ҳаловати зиёд барои миҷозон.
Ба муҳоҷирон омӯхтани таҷриба ва қоидаҳои навтар ва дастрастар бо якчанд сабаб хеле мушкил аст: фарқ кардани таҷрибаи маъмурӣ дар Федератсияи Русия ва мамлакате, ки аз он муҳоҷир омадааст, душвор қабул шудани забони “бюрократии” Русия, ва, умуман, кам будани маълумот дар бораи қоидаҳои ба даст овардани хадамот ва навигариҳо дар ин соҳа. Аввалан, ин навигариҳо барои муҳоҷирон фаҳмо нестанд. Аз ҷониби дигар, онҳо ба таҷриба ва қоидаҳои расонидани хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ нобовар ҳастанд, назди онҳо ягон маслиҳатгӯе ҳам нест, ки ба онҳо ёрӣ кунад ва чӣ гуна истифода бурдани ин таҷриба ва қоидаҳоро омӯзонад.
Аз сабаби истифода накардани таҷрибаҳои нав ва усулҳои ба даст овардани хадамот ва шикоят накардани нисбати қарор ва ҳаракати (беҳаракатии) органҳои хизматрасон аз ҷониби муҳоҷирон, онҳо нисбати риоя ва ҳимоя кардани ҳуқуқҳояшон ҳангоми муомилот бо ҳокимият бидуни ҳимоя мондаанд.
Мақсадилоиҳаи “Давлатизамонавӣ – муҳоҷирибосавод” аз ҳисоби омӯхтани таҷриба ва қоидаҳои расонидани хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ дастрастар кардани хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ барои онҳо, пурзӯр кардани салоҳияти онҳо дар ҳимояи ҳуқуқҳои худ, боз ҳам самаранок, дастрас ва шаффоф намудани фаолияти органҳои ҳокимияти давлатӣ ва органҳои худидоракунии маҳаллӣ барои муҳоҷирон, иборат аст.
Дар доираи лоиҳа омӯзиши гурӯҳи маслиҳатчиёни калон идома дорад, ки ин гурӯҳ аз вакилони диаспора ва ташкилотҳои иҷтимоие, ки диаспораҳоро таҳти омӯзиш ва такмил қарор додаанд.
Дар доираи омӯзиш маслиҳатчиёни калон дар бораи усулҳои муомилот бо органҳои ҳокимият ҳангоми ба даст овардани хадамот, механизмҳои дастраскунӣ, ҳуқуқҳои гирандагони хадамот, механизмҳои шикоят кардан нисбати ҳаракат/беҳаракатии органҳои ҳокимият ва ғайраҳо дониш мегиранд. Дар натиҷаи омӯзиш як зумраи маслиҳатчиёни калон аз сафи вакилони диаспораҳо пайдо мешавад, ки онҳо дониши гирифтаашонро ба аъзоҳои дигари диаспора мерасонанд, ба онҳо ҳам б азабони русӣ ва ҳам ба забони модарии муҳоҷирон маслиҳат медиҳанд.
Сайти интернетии мазкур дорои маводҳои методӣ ва маълумотие аст, ки метавонанд ба муҳоҷирон ба ҳаддалимкон қулайтар гирифтани хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ кӯмак мекунанд.
Барои амалӣ гардонидани лоиҳа аз маблағи давлатӣ, ки дар намуди грант, дар асоси қарори Президенти ФР рақами 348-рп аз 18.09.2013, ҷудо карда шудааст, истифода бурда мешавад.