Минус маълумотнома

Системаи муомилоти байниидоравӣ ва/ё байнимаҳкамавӣ

Тамоми ҳуҷҷатҳои зарурро барои гирифтани хадамот ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Ҳуҷҷатҳое, ки дар ихтиёри органҳои ҳокимият қарор доранд ва бояд танҳо ҳангоми муомилоти байниидоравӣ дархост карда шаванд;
  2. Ҳуҷҷатҳое, ки дархосткунанда шахсан нигоҳ медорад ва онҳоро бояд шахсан тақдим кунад (Ин рӯйхати пурраест, ки дар п.7 м.7 210-ФЗ муайян карда шудааст) .
  3. Ҳуҷҷатҳое, ки натиҷаи хадамоти зарур ва ҳатмӣ мебошанд. Ин ҳуҷҷатҳо бояд пеш аз муроҷиат барои хадамот дастрас карда шаванд. Чунин ҳуҷҷатҳо бисёртар дар ихтиёри органҳои ҳокимият ва органҳои худидоракунии маҳаллӣ нестанд ва пулӣ мебошанд. Инҳоро ҳам дархосткунанда бояд шахсан тақдим намояд.

Маълумоти муфассалро оиди хадамоти электронӣ метавонед дар китобча дастрас кунед.

Аз 1 июли соли 2012 инҷониб, дархости ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки дар ихтиёри органҳои хадамоти давлатӣ ва хадамоти мунитсипалӣ расонанда қарор доранд, манъ аст. Яъне, дар айни ҳол, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарур барои тақдимот ихтисор шудааст – аз он ҳуҷҷатҳое, ки аллакай дар ихтиёри органҳои ҳокимияти давлатӣ ва органҳои худидоракунии маҳаллӣ қарор доранд, бароварда шуданд. Ин ҳуҷҷатҳоро органи хизматрасон бояд мустақил тавассути системаи муомилоти байниидоравӣ ва байнимаҳкамавӣ дархост кунад.

Чӣ бисёртар дар доираи муомилоти байниидоравӣ дархост карда мешавад

  • Ҳуҷҷатҳо оиди ҳуқуқи мулкӣ
  • Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқро ба мулки ғайриманқула тасдиқкунанда
  • Маълумот аз РЯДАҲ ва РЯДСФ
  • РИА ва СНИЛС (рақами гувоҳномаи суғуртавии нафақаи Фонди нафақаи ФР)
  • Маълумот дар бораи ҳаҷми нафақа, нафақаҳои дигар
  • Маълумотҳои сабтӣ оид ба васоити нақлиёт
  • Маълумот дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигар
  • Маълумот дар бораи литсензияҳои тақдимшуда
  • Маълумотнома аз хизмати бандӣ
  • Хулоса ва тасвиби органҳои санитария, сӯхтор, муҳофизати табиат, меъморӣ ва ғайра

Рӯйхати намунавии ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳое, ки шаҳрванд вазифадор нест барои гирифтани хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ дар ин ҷо воқеъ аст.

Хулосаи муҳиме ҳаст аз ин қоида. Дархосткунанда бояд худ ҳуҷҷатҳои бо ном “таҳти нигаҳдориро” шахсан тақдим кунад. Дар байни онҳо, ҳуҷҷатҳоест, ки шахсияти шаҳрванди Федератсияи Русияро, шаҳрванди хориҷиро, шахси шаҳрванд набударо, аз ҷумла, рухсатномаи зист ва шиносномаи гуреза, гувоҳномаҳои сабти актҳои ҳолати шаҳрвандӣ, ҳуҷҷатҳое, ки сабти номро дар ҷои зист ё муқимоти муваққат тасдиқ мекунанд, ва ғайраҳо.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои “нигаҳдори шахсӣ” дар моддаи 6 Қонуни Федералии рақами 210-ФЗ аз 27.07.2010 “Дар бораи ташкил кардани расонидани хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ” оварда шудааст ва он пурра аст. Бо рӯйхати пурраи ҳуҷҷатҳо метавонед ин ҷо шинос шавед.

Ғайр аз ҳуҷҷатҳои нигаҳдории шахсӣ дархосткунанда бояд шахсан ҳуҷҷатҳои зарурро пеш муроҷиат барои хадамот  таҷдим кунад. Ин ҳуҷҷатҳо метавонанд зеринро дарбар гиранд: ҳуҷҷатҳои марзакашии замин, хулоса ва маълумотномаҳои муассисаҳои тиббӣ, хулосаҳои лабораторияҳои гуногун, ҳаракатҳои нотариалӣ ва ғайраҳо. Ин ҳуҷҷатҳо, асосан, дар ихтиёри органҳои ҳокимият ва органҳои худидоракунии давлатӣ нестанд ва метавонанд пулӣ бошанд. Рӯйхати хадамоти зарур ва ҳатмӣ бо акти меъёрӣ ҳуқуқӣ дар доираи минтақа ва барои ҳар як мунитсипалитет тасдиқ карда мешавад.

Шумо метавонед бо рӯйхати хадамоти зарур ва ҳатмӣ барои расонидан аз ҷониби органҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии кишвари Перм дар ин ҷо шинос шавед.

Органҳои ҳокимият ва худидоракунии маҳаллӣ ҳақ надоранд, ки ҳуҷҷатҳои ғайр аз ҳуҷҷатҳои “нигаҳдории шахсӣ” ва ҳуҷҷатҳое, ки натиҷаи хадамоти зарур ва ҳатмиро дарбар мегиранд, аз дархосткунанда талаб кунанд.


© Фонд "Центр гражданского анализа и независимых исследований"

При реализации проекта используются средства государственной поддержки, выделенные в качестве гранта в соответствии с распоряжением Президента РФ от 18.09.2013 № 348-рп, и на основании конкурса, проведенного Движением «Гражданское достоинство»

2014 - 2024