Низомномаи маъмурӣ

Барои ҳар гуна хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ бояд низомномаи маъмурӣ тайёр ва тасдиқ карда шавад. Низомномаи маъмурӣ – ин акти меъёрӣ ва ҳуқуқиест, ки тартиби ба амал расонидан ва стандарти хадамоти давлатӣ ва мунитсипалиро муайян мекунад.

Низомномаи маъмурӣ дастёри асосист ҳангоми ба даст овардани хадамот:

  • ва қоидаҳои муомиларо бо органҳои ҳукумат муфассалтар мекунад (чӣ тавр ва ба кӣ муроҷиат кардани шаҳрванд, чиро ва ба кадом шакл ба даст овардани хадамотро маънидод мекунад);
  • ба амалдорон имкон намедиҳад ки ба ихтиёри худ амал кунанд;
  • ба гирандаи хадамот имкон медиҳад, ки риоя карда шудани низомномаи маъмуриро талаб кунад ва ҳангоми иҷро нашудани ин талабот ба органҳои болоии ҳукумат ва суд шикоят кунад.

Дар низомномаи маъмурӣ ҳар як хадамот дар намуди пайдарпаии амалҳо ва тартиби иҷрои онҳо тасвир карда мешавад, ки ин амалҳоро хидматчиёни давлатӣ ва мунитсипалие, ки ин хадамотро мерасонанд, бояд ба амал расонанд. Аммо аз нуқтаи назари гирандаи хадамот фасли “Стандарти расонидани хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ” муҳимтарин ва муфассалтарин аст.

Дар низомномаи маъмурӣ дархосткунанда метавонад маълумоти зеринро ба даст орад:

  • кӣ дорои ҳуқуқи муроҷиат барои гирифтани хадамот аст (масалан, оё дархосткунанда бояд ҳатман шаҳрванди ФР бошад ё хадамоти мазкурро метавонанд тамоми сокинони Кишвари Перм гиранд);
  • кадом усулҳои ба даст овардани хадамот мавҷуданд (оё ҳатман бояд шахсан ба идора ташриф овард ё метавон тавассути порталҳои хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ муроҷиат кард);
  • оё метавон хадамотро тавассути муроҷиат ба Маркази бисёрвазифаи (МБВ) расонидани хадамот ба даст овард;
  • рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарур барои ба даст овардани хадамот чӣ гуна аст (рӯйхати дар низомномаи маъмурӣ дохил кардашуда пурра аст – талаб кардани ҳуҷҷатҳои дар рӯйхат набуда манъ аст);
  • баъди кадом муддат ба дархосткунанда натиҷаи хадамот бояд расонида шавад (муддати иҷрои хадамот);
  • дар асоси чӣ гуна ваҷҳҳо метавонанд расонидани хадамоти давлатӣ ё мунитсипалиро рад кунанд (рӯйхати ин ваҷҳҳо пурра аст.

Ғайр аз ин, дар низомномаи маъмурӣ манзил ва суроғаи идораҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки ба онҳо барои ба даст овардани хадамот, бо шикоят нисбати хадамоти бесифат ва ҳангоми рад карда шудани расонидани хадамот, муроҷиат кардан мумкин аст. Дар иловаи низомномаи маъмурӣ блок-нақшаи расонидани хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ оварда шудааст – ӯ аз тасвири тарҳии марҳилаҳои асосии расонидани хадамот иборат аст.

Низомномаи маъмуриро дар куҷо метавон пайдо кард:

  1. дар сайтии расмии идорае, ки хадамотро мерасонад.
  2. дар портали хадамоти давлатӣ ва мунитсипалии кишвари Перм  http://gosuslugi.permkrai.ru/ ё дар Портали Ягонаи хадамоти давлатӣ http://www.gosuslugi.ru/.
  3. дар Маркази ҳуқуқии кутубхонаи наздиктарин, тавассути системаи ҳуқуқии ҳозирбуда (Масалан, дар шаҳри Перм метавонед ба кутубхонаи ба номи Горкий муроҷиат кунед, ки суроғааш ин аст: кӯчаи Ленин, 70).
  4. дар сайти “Российсккая газета” (барои органҳои ҳукумати федералӣ).

© Фонд "Центр гражданского анализа и независимых исследований"

При реализации проекта используются средства государственной поддержки, выделенные в качестве гранта в соответствии с распоряжением Президента РФ от 18.09.2013 № 348-рп, и на основании конкурса, проведенного Движением «Гражданское достоинство»

2014 - 2024