Пардохти нафақаҳои иҷтимоӣ, ба рӯйхат гузоштани автомобил, расмӣ кардани РИА[1] – ин ҳама хадамотест, ки органҳои ҳокимияти давлатӣ дар Русия ба аҳолӣ мерасонанд.
Ба хадамот тамоми амалҳоеро, ки органҳои давлатии ҳокимият бояд нисбати шаҳрванди ФР, шаҳрванди хориҷӣ, афроди ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ба амал мерасонанд ва гирандаҳо дорои ҳуқуқи соҳиб шудан ҳастанд, дохил кардан мумкин аст.
Хадамоте, ки органҳои ҳокимияти давлатӣ мерасонанд, ду намуд доранд – давлатӣ ва мунитсипалӣ.
Ба хадамоти давлатӣ он хадамоте дохил мешаванд, ки онҳоро органҳои федералии ҳокимияти иҷроия ва органҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии субъекти Федератсияи Русия мерасонанд. Хадамоти мунитсипалиро органҳои худидоракунии маҳаллӣ оиди ҳалли масоили маҳаллӣ мерасонанд.
Хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ ҳангоми додани ариза ба органҳои ҳокимияти давлатӣ ё ба органҳои худидоракунии маҳаллӣ оғоз меёбад.