Дар сурате, ки мувофиқи фикри дархосткунанда, ҳангоми гирифтани хадамоти давлатӣ ё мунитсипалӣ, ҳуқуқи ӯ поймол шуддаст, ӯ метавонад, ба суд муроҷиат накарда, ҳуқуқи худро ҳимоя кунад. Барои ин ӯ бояд бо шикояти хаттӣ ба номи раҳбари органи хадамоти давлатӣ ё мунитсипалӣ расонанда, ё ба органи болоӣ муроҷиат кунад.
Маслиҳатҳо оиди муроҷиат ба органҳои ҳукуматро дар зер соҳиб шудан мумкин аст.
Дар қатори таҷовузҳое, ки нисбати онҳо даъво карда мешавад:
Шикоятро метавон ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам электронӣ супурд.
Шикоят бояд дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ муоина карда шавад. Дар сурати шикоят нисбати радди қабули ҳуҷҷатҳо ва ислоҳи хато ва камбудиҳои роҳ додашуда (ё шикоят оиди вайрон карда шудани муддати муайянкардашудаи чунин хатоҳо) – дар давоми панҷ рӯзи корӣ.
Баъди муоина карда шудани шикоят, ба дархосткунанда дар нумади хаттӣ бо далелҳо ҷавоб оиди натиҷаҳои муоинаи шикоят фиристода мешавад. Ҷавоб бо далелҳои маъно онро дорад, ки он нафақат дорои маълумот дар бораи мавҷуд будан ё набудани факти таҷовуз аст, балки бояд ҳамҷоя бо далелҳо, исбот ва шарҳҳои қарори қабул кардашуда, фиристода шавад.
Чӣ хеле, ки амалиёт нишон медиҳад, таҷовузҳои зиёд дар соҳаи расонидани хадамоти давлатӣ ё мунитсипалӣ метавонанд то суд ҳал карда шаванд. Бисёртар, муоинаи шикоятҳо то суд, ба дархосткунанда имконоти тезтар ва соддатар ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худро нисбат ба ҳолати муроҷиат ба суд медиҳад ва ба дархосткунанда имкон медиҳад, ки ӯ аз хароҷотҳои монанди маслиҳати ҳуқуқӣ (ки қариб ҳамеша пулӣ аст), навиштани аризаи даъвоӣ, пардохти боҷи давлатӣ халос шавад.
Аммо, мавҷуд будани имконияти шикоят кардан то суд, ҳуқуқи дархосткунандаро ба муроҷиат кардан ба додгоҳ (прокуратора) ё суд, маҳдуд намекунад.
Кодекси Федератсияи Русия оиди қонуншикании маъмурӣ барои шахсони мансабдор нисбати шумораи зиёди таҷовузҳо ҳангоми расонидани хадамоти давлатӣ ё мунитсипалӣ, ҷазоҳои маъмуриро дар намуди ҷаримаи фардӣ, пешбинӣ мекунад. Дар он сурате, ки ба фикри дархосткунанда ҳуқуқи ӯ поймол шудааст, ҳ метавонад ба додгоҳ (прокуратура) муроҷиат кунад. Додситон (прокурор) соҳиби ваколати оғоз кардани кори ҷиноятӣ нисбати қонуншикании маъмурӣ мебошад. Агар кори ҷиноятӣ оғоз карда шавад, он ба суди оштидиҳанда гузаронида мешавад, ки ӯ, дар навбати худ, дар бораи таъин кардани ҷарима қарор қабул мекунад.
Агар дархосткунанда аз муоинаи шикояташ аз ҷониби органи болоӣ ва/ё ҷавоби прокуратура қаноатбахш нашуда бошад ё муоинаи шикояти худро бе суд нахоҳад, он гоҳ ӯ метавонад бо шикояти мувофиқ ба суд муроҷиат кунад. Муҳимаш, дархосткунанда бояд дар муддати на дертар аз се моҳ аз вақти маълум шудани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳои худ, муроҷиат кунад.