Чӣ гуна метавон ба органҳои ҳукумат муроҷиат кард

 

Шаҳрвандони хориҷӣ дар мурочиат ба органҳои ҳукуматӣ чӣ ҳуқуқҳо доранд

«Шаҳрвандони хориҷи дар Федератсияи Россия бо баробари шаҳрвандони Федератсияи Россия аз ҳуқуқҳо истифода менамоянд ва масъулият доранд, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қонуни федералӣ зикр шуда аст».

Қонуни Федералӣ аз 25.07.2002 шумораи № 115-ФЗ «Дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия»
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсҳои бешаҳрвандӣ, мисли шаҳрвандони Федератсияи Россия ҳуқуқҳои зерро доранд:

  • Муроҷиат ба қабули шахсӣ ё ба таври катбӣ ба органҳои иҷроии ҳукумат ва органҳои худидоракунанда, ҳамчунон ба муассисаҳои давлатӣ ва бюджетӣ;
  • Муроҷиат бо дархости дар бораи гирифтани ҳуҷҷатҳои замима ва материалҳо, аз ҷумла ба шакли электронӣ;
  • Муроҷиат бо ариза дар бораи ҳалли ё бефаолиятии органҳои давлатӣ;
  • Хостани тамом кардани баррасии муроҷиат;
  • Бо қарори суд гирифтани ҷуброни зарарҳои маънавие, ки бо ҳарактҳои ноқонунӣ ё беҳаракатии органҳои давлатӣ дар вақти баррасии муроҷиат барояш ворид шуда аст;

Органҳои ҳукуматӣ, худидоракунандаи маҳаллӣ, шахсҳои амалдор масъул ҳастанд:

  • ба дархосткунанда имкони ошно шудани онҳо бо ҳуҷҷатҷо ва материалҳое, ке ба баррасии муроҷиат алоқадор ҳастанд;
  • муроҷиатро дар муддати се руз аз вақти расидани он сабт намоянд;
  • баррасии муроҷиат ба шакли зарурӣ;
  • дархост кардани, ҳамчунин ба шакли электронӣ, ҳуҷҷатҳо ва материалҳои лозим дар дигар органҳои маҳаллии худидоракунанда, ғайр аз судҳо, органҳои бозрасӣ ва органҳои бозрасии ибтидоиӣ;
  • фиристодани ҷавобҳои катбӣ дар бораи саволҳои дар муроҷиат зикр шуда;
  • қабул кардани муроҷиатҳо ба шакли электронӣ, ҷавоб додан ба муроҷиатҳои электронӣ ба адреси почтаи электронӣ ё ба шакли катбӣ ба адреси почта, дар муроҷиат зикр шуда аст;
  • агар дархосткунанда ба адреси лозим муроҷиат накарда бошад, муроҷиатро ба органе, ки салоҳият ҳалли масъалаҳои зикр шударо дорад, фиристад ва дар ин бора дархосткунандаро бохабар намояд;
  • маълумотҳое, ки дар муроҷиат зикр шуда аст, ҳамчунин маълумотҳое, ки ба зиндагии шахсии шаҳрванд алоҷадор аст, ифшо нанамояд;

(Ҷонуни федералӣ аз 02.05.2006 № 59-ФЗ «Дар бораи тартиби баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони Федератсияи Россия»)

Ба органҳои ҳукумат муроҷиат чӣ гуна навишта шавад

Ба шумо ҳар ҷавоби раде, ки дар вақти муроҷиат ба органҳои ҳукумат, ташкилотҳо ва муассисот ба асосҳои расмӣ диҳанд, бояд қоидаҳои зерро риоят намоед

 Муроҷиати катбӣ ба органи ҳукумат бояд нуктаҳое зерро дошта бошад:

  • Номи органи ҳукумат ё амалдоре, ки ба он муроҷиат менамоед;
  • Фамилияи дархосткунанда, контактҳои у (ҳадди ақал адреси хона);
  • Таърих ва имзои дархосткунанда

Муроҷиатро метавонед ба шакли хати маъмулӣ ё аз тариқи почтаи электронӣ фиристед. Дар вақти муроҷиат ах тариҷи почтаи электронӣ имзо ба шакли зарурӣ нест.

Муроҷиат мумкин аст бе ҷавоб монад, агар:

  • фамилияи дархосткунандае, ки муроҷиатро фиристода бошад, зикр нашуда бошад;
  • адресе, ки ҷавоб фиристода шавад, зикр нашуда бошад.

Органи ҳукумат метавонад ба асосҳои расмӣ ҷавоби рад диҳад, агар:

  • дар муроҷиат калимаҳои ноҷоиз ё ҳақорат, хатар барои зиндагӣ, саломатӣ ва мулки шахси амалдор, ҳамчунин барои аъзои оила у навишта шуда бошад;
  • матни муроҷиати катби ба таври нохоно навишта шуда бошад ва хондани он имконпазир набошад;
  • ҷавоби муроҷиат наметавон дода шавад, ба далиле, ки дар он хавфи ифшои рози давлатӣ ё рози дигар (шахсӣ, касбӣ, хизматӣ) мавҷуд бошад.

Дар ин ҳолатҳо органи ҳукуматӣ бояд ба шакли катбӣ дар бораи он, ки муроҷиати шумо амалан баррасӣ шуда наметавонад ва далили он зикр мешавад.

Органи ҳукуматӣ метавонад баррасии муроҷиатро рад намояд ва дар бораи номанигории оянда рад намояд, агар дархосткунанда дубора як саволе, ки ба он ҷавоб дода шуда аст, пурсад.

Дуруст навиштани муроҷиат

Дар матни муроҷиат бояд навишта шавад

  • ба ки – номи органи ҳукуматӣ
  • аз ки- фамилия, ном ва номи падар, адреси почта.
  • дар охири муроҷиат таърих ва имзо

 Назми муроҷиат

Дар бисъёри муроҷиатҳои, одатан, назми зер истифода мешавад:

  1. мазмуни муаммо.
  2. тавзиҳоти лозим ба шакли мухтасар, таърихи он, ва ба шакли пурра.
  3. позитсияи шахсӣ дар муаммо.
  4. далилҳо, рӯнавиштҳо ба нормаҳои қонунгузорӣ.
  5. мазмуни дархост ба амалдор.
  6. замимаҳо.
  7. таърих, имзо.

Дархостҳои маълумотҳо, одатан, ба шакли мухтасартар мебошад:

  1. асос барои муроҷиат.
  2. мазмуни хоҳиш.

Машваратҳо барои навиштани муроҷиатҳо

Ҳатталимкон аз муроҷиати шахсӣ истифода намоед, дар вақти муроҷиат ба шахси амалдори муайян ном ва номи падарро зикр намоед. Дар дархостҳо аз замоири шахсӣ истифода намоед, «Просим Вас (пер. Аз шумо мехоҳем)». Матни хатро бо формула анъанавии эҳтиром «С уважением, … (пер. Бо эҳтиром, …)».

Мазмуни муроҷиати шумо бояд аз сатрҳои аввал фаҳмида шавад. Ба ин сабаб ҳамеша мазмун ва моҳияти муроҷиатро дар аввал зикр намоед. Замима кардани номанигориҳои мавҷуди бо органҳои ҳукуматиро, агар он мавҷуд бошад, фаромуш накунед. Агар ариза дар органи пойинтар баррасӣ шуда бошад ва шумо аз болои тасмими органи пойинтар ба органи боло арз кардани бошед, албатта нусхаи ҷавоби арзшударо замима намоед.
Агар шумо метавонед муроҷатро шахсан худатон баред, албатта хоҳиш намоед, ки муроҷиати шуморо сабт намоянд. Барои ин нусхаи хатро бо худ баред ва хоҳиш намоед, ки ба нусха таърих ва рақами муроҷиатро нависанд.

Аз назари қонун, ҳар гуна муроҷиат ба шакли маъмулӣ ё аз тариқи почтаи электронӣ фиристода шавад, бояд дар муддати 3 руз сабт шавад.

Дархосткунанда метавонад ҳар вақт баъд аз фиристодани муроҷиат ба органи ҳукуматӣ шахсан (шахсан, аз телефон ё аз тариқи почтаи электронӣ) муроҷиат намояд ва шумораи сабти муроҷиати худ, ҳамчунин фамилияи иҷрокунанда, маъсули баррас ва шумораи телефони уро мушаххас намояд. У ҳақ дорад ҳар вақт шахсан ба иҷрокунанда телефон кунад ва дар бораи муддат, натиҷа ва далилҳо пурсад.

Муроҷиатро ба адрес шахсан худи амалдор ба органи босалоҳияти муносиб бояд дар муддати 7 руз фиристад, ва ба шумо хабарномаи мутаносибро фиристад.

Муроҷиат дар муддати 30 руз баъд аз сабти он баррасӣ мегардад. Дар ҳолатҳои истисно муддати баррасӣ метавонад тамдид шавад, вале ин муддат зиёдтар аз 30 руз намебошад. Амалдор бояд дар ин бора дархосткунандаро бохабар намояд.

Арзҳои дар робита ба расонидани хадамоти давлатӣ в мунитсипиалӣ бояд дар муддати 15 рузи корӣ баррасӣ гардад. Аризаҳои алоқадор ба радди қабул кардани ҳуҷҷатҳо, ислоҳ кардани ғалатиҳо ва саҳвҳо бояд дар муддати 5 рузи корӣ баррасӣ шавад.


© Фонд "Центр гражданского анализа и независимых исследований"

При реализации проекта используются средства государственной поддержки, выделенные в качестве гранта в соответствии с распоряжением Президента РФ от 18.09.2013 № 348-рп, и на основании конкурса, проведенного Движением «Гражданское достоинство»

2014 - 2024