Чӣ гуна метавон маълумоти дар бораи хадамоти давлатӣ ва мунитсипиалиро дарёт кард

 

Барои истифода аз хидмат, дархосткунанда бояд донад, ки:

  • Оё у ҳаққи гирифтани хидматро дорад
  • Куҷо, ба кӣ ва ба кадом адрес бояд муроҷиат кунад
  • Чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро тақдим намояд
  • Нархи хидмат чанд аст
  • Қонунгузории Россия нисбат ба маълумот додан ба дархосткунандагон талабҳои сахт дорад.

Мутобиқи Қонуни федералӣ аз 27.07.2010 шумораи № 210-ФЗ «Дар бораи расонидани хадамоти давлатӣ ва мунитсипиалӣ» дархосткунанда (аз ҷумла шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ) ҳақ дорад маълумоти дар бораи расонидани хадамоти давлатӣ ва мунитсипиалӣ ба шакли пурра, актуал ва дақиқу-аниқро дархост намояд ва гирад.

Маълумоти дар бораи хидмат (рӯйхати ҳуҷҷатҳо, нархи хадамот) ро метавон натанҳо дар қабули шахсӣ, балки аз телефон ва почтаи электронӣ дарёфт намуд.

Агар шумо барои гирифтани хадамот намедонед куҷо муроҷиат намоед:

  1. Маълумотро дар интернет ёфта метавонед, ба эҳтимоли зиёд, ягон нафар ин масъаларо ҳал карда аст.
  2. Метавонед ба сайти расмии муассиса дароед ва бо Қоидаҳои дар бораи фаолияти рӯйхати хадамот ошно шавед, Низомномаи маъурии хадамоти давлати (мунитсипиалӣ)ро хонед.
  3. Маълумотро аз портали Ягонаи хадамоти давлатӣ ва мунитсипиали-www.gosuslugi.ru ё Портали хадамоти давлатии кишвари Перм-www.gosuslugi.permkrai.ru метавонед дарёфт намоед.
  4. Метавонед ба органи ҳукуматӣ ё мунитсипиалитет аз тариқи почтаи электронӣ ё бо занг задани оддий дархост намоед. Аз назари қонун ҳукумат масъул аст дар аввалин дархост дар бораи салоҳияти худ маълумот диҳад.

Ба сайти расмии орган дароед

Ҳар яке аз муассиса бояд дар сайти расмии худ дар бораи салоҳиятҳо, хадамоти расонида мешуда, матни Низомномаи маъмурии хадамот, ҷадвали кории худро интишор намояд.

Бо матни Низомномаи ошно шавед

Агар шумо хидмати давлатӣ ё мунитсипиалиро мегиред, пеш аз муроҷиат ба органи ҳукумат ҳатман бо Низомномаи маъмурӣ ошно шавед. Дар низомонома ба таври муфассал маълумот дар бораи тартиби хидмат, расонидани хидмат ва фиристодани арз, маълумот дар бораи нархи хидмат ва шахси масъул ба он навишта шуда аст. Низомномаи хадамот барои ҳаммаи хадамот, матни низомнома дар тахтаҳои маълумот, сайтҳои расмӣ ва порталҳои хадамоти давлатӣ ва мунитсипиалӣ мавҷуд аст.


© Фонд "Центр гражданского анализа и независимых исследований"

При реализации проекта используются средства государственной поддержки, выделенные в качестве гранта в соответствии с распоряжением Президента РФ от 18.09.2013 № 348-рп, и на основании конкурса, проведенного Движением «Гражданское достоинство»

2014 - 2024